баргард чоп кардан

Э.Раҳмону намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо аз равандҳои демократикунонии ҷомеа гуфтаанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари кории худ ба Шоҳигарии Белгия бо Федерика Могеринӣ, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ мулоқот кардааст.

Дафтари матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад, дар ҷараёни ин дидор масоили рушду густариши муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардидааст. Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “Тоҷикистон хоҳони ҳамкориҳои пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд бо Иттиҳоди Аврупо мебошад".

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуда, ҷонибҳо фаъолияту ҳамкории механизмҳои муҳими Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Шӯро, Кумитаи ҳамкорӣ, Кумитаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва Муколама байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсонро барои густариши муносибатҳо амри зарурӣ шумурданд: “Аз фаъолияти муассири Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ оид ба амният, мубориза бо терроризм, ифротгароии динӣ, радикализм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду чолишҳои муосир изҳори қаноат карда шуд”.

Манбаъ мегӯяд, дар суҳбат инчунин доир ба имкони ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодӣ, энергетика, равандҳои демократикунонии ҷомеа, таъмини амнияти минтақа, вазъи Афғонистон ва дигар мавзуъҳои ҳамкорӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз, 2 декабр баъд аз иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони милали муттаҳид оид ба тағйири иқлим аз Фаронса ба шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия сафар кард. Ҳадафи сафари кории оқои Раҳмонро дафтари матбуоташ “вохӯрию мулоқот бо роҳбарияти олии Иттиҳоди Аврупо ва Комиссияи Аврупо, инчунин намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ” унвон кардааст.