баргард чоп кардан

Вакили дифоъ: Дар хуни модари Умаралӣ Назаров ситомегаловирус набудааст

Муқаддас Абдураҳмонова, вакили мудофеи Зарина Юнусова, модари Умаралии панҷмоҳа, ки дар Санкт-Петербург ба таври мармуз даргузашт, аз қавли пизишкони додгоҳии Тоҷикистон гуфтааст, дар хуни ӯ ангезаи ситомегаловирус дида нашудааст. Пизишкони додгоҳии Русия далели марги Умаралӣ Назаровро ҳамин вирус гуфта буданд.

Зарина Юнусова чанд муддат қабл ба манзури гузарондани ташхиси хун ба Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон даъват шуд. Ба қавли хонум Абдураҳмонова, масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтаанд, хуни нафари таҳти ҳимояташро барои ташхис ба Русия мефиристанд. Ба далели он ки қазия дар Русия рух додааст, дар Тоҷикистон парванда боз нашудааст.

Зарина бо иттиҳоми нақзи қавоиди буду бош аз Русия депорт шуд. Дар ҳамин ҳол, Рустам Назаров, падари Умаралӣ аз сӯи Сарраёсати тафтишотии Русия расман ҷабрдида эълом шуд. Ба ин далел ӯ ҳуқуқ дорад то анҷоми таҳқиқи парвандаи писараш дар қаламрави Русия бимонад.

Умаралӣ Назаров, навзоди тоҷик 13 октябри соли равон дар пайи боздошти модараш Зарина Юнусова аз сӯи пулиси ноҳияи Адмирали шаҳри Петербург дар беморхонаи Сембалина ҷон дод. Ин қазия мунҷар ба сарусадоҳои бузурге дар расонаҳои ҷаҳонӣ шуд.

Дирӯз, 3 декабр Юрий Серов, вакили мудофеи хонаводаи Рустам Назаров, падари Умаралӣ ба расонаҳо гуфт, бо имзои як санад наметавонад ҷузъиёти парвандаро ифшо кунад.