баргард чоп кардан

Таъсири муҳоҷират ба муҳити хонавода ва мушкилоти ин раванд баррасӣ мешавад

Дар шаҳри Маскав мизи муддавар оид ба масоили муҳоҷирати занони Осиёи Марказӣ оғоз гардида, алъон идома дорад.


Дар ин ҳамойиш Тоҷикистонро намояндагони хадамоти муҳоҷират ва созмонҳои ҷамъиятӣ аз ҷумла «Лигаи занони ҳуқуқдон» ва «Перспектива+» муаррифӣ менамоянд. Гуфта мешавад, зимни нишаст мавзӯи марбут ба мушкилоти бонувони муҳоҷир ва роҳҳои ҳалли мушкилот баррасӣ мегардад.

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони «Перспектива+» дар сўҳбат бо хабаргузории «Озодагон» гуфт, ки қарор аст, дар моҳи оянда дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи АвруОсиё оид ба масоили муҳоҷират як қатор конфронсу мизи муддавар баргузор гардад. Дар рафти фаъолият масъулин масоили такмили қонун «Дар бораи муҳоҷирати ҶТ», мутобиқ намудани асноди ҳуқуқии кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ, мушкилоти муҳоҷирон, таъсири он ба оиларо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Дар натиҷа масъулини мизи муддавар ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳодоте роҷеъ ба бартараф кардани мушкилоти муҳоҷирони тоҷик ироа хоҳанд кард.{jathumbnail off}