Хадамоти муҳоҷират 1 миллиони занони тоҷикро баргардондааст
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, 1 миллион рубл- маоши пардохтнашудаи гуруҳи 12-нафарии занони тоҷикро баргардондааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод 12 зани тоҷик дар ташкилоти истеҳсолии вилояти Новосибирск фаъолият карда, муддати 6 моҳ маош нагирифта буданд: “Шарифамоҳ Ризоева, сокини 48-солаи шаҳри Душанбе, 3 ноябри соли ҷорӣ ба намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия муроҷиат крада, арз доштааст, ки 12 зани тоҷик таий 12 моҳ маошашон дар ҳаҷми 1 миллиону 800 ҳазор рублро нагирифтаанд”.
Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, дар пайи гуфтушунид аз 1 миллиону 800 ҳазор рубл роҳбарияти ташкилоти истеҳсолии Новосибирск қисман-1 миллион рубли занони тоҷикро пардохт кардааст. Пардохти қисмати боқимондаи маош ба далели мушкили молии корхона ба таъхир андохта шудааст.