баргард чоп кардан

ВКД: Ҳаннот 2400 доллари амрикоӣ барои унвони профессорӣ гирифтааст

Як корманди палатаи саноат ва савдои Тоҷикистон пулҳои  корманди ширкати ҶДММ «Оби Ҳаёт»-ро ба яғмо бурдаааст.


Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, зимни як амалиёти кормандони милитсия дар ноҳияи И. Сомонӣ, Низомиддин Асомиддинови 32- сола, сокини кӯчаи Попов, ки корманди палатаи саноат ва савдои Тоҷикистон будааст, боздошт гардид.

Номбурда, рӯзи 27-уми августи соли равон, бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Мунаварова Р-и 22- сола,  сокини кӯчаи  Зафар, корманди ширкати ҶДММ «Оби Ҳаёт», воқеъ дар кӯчаи  Рӯдакӣ-57 даромада барои гирифтани шаҳодатномаи «Баробарарзишӣ» аз вазорати маорифи Тоҷикистон  барои идома додани таҳсилоти олӣ ва гирифтни унвонҳои олии дотсентӣ ва профессорӣ аз ӯ 2400 доллари ИМА гирифтааст. Ӯ пулҳоро ба эҳтиёҷоти шахсии худ сарф намудааст. Айни замон нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}