баргард чоп кардан

Заминфурӯш дастгир шуд

Дар пайи як амалиёти кормандони милиса дар ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрванд Акмал Сафарови 26-сола боздошт гардид.


Номбурда сокини  ҷамоати Саркиштӣ деҳаи Янги-обод буда, айни замон дар ягон ҷой фаъолият намекунад. Аз ВКД ба «Озодагон» гуфтанд, ки Акмал Сафаров моҳи октябри соли 2008 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд  Мирзоеви 35-сола, сокини шаҳри  Душанбе даромада аз ӯ 10850 доллар гирифтааст. Номбурда ваъда додааст, ки бар ивазаш аз заминҳои деҳаи ҷамоати  Саркиштӣ, деҳаи Янги-обод, 0,07 гектар, қитъаи замин гирифта медиҳад, аммо маблағро гирифта ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст. Феълан нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гадрдида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}