Ҷоми Тоҷикистон насиби тими «Регар-ТадАЗ» шуд
Голи ягонаи Ҷамшед Исмоилов дастаи «Регар-ТадАЗ»-ро баррандаи Ҷоми Тоҷикистон кард.
Дидори ниҳойӣ дар чорчуби сабқати футбол барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд. Барои Ҷоми Тоҷикистон-2011 тимҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Истиқлол» вориди рақобат шуданд. Қисмати аввали бозӣ мусовӣ-0:0 анҷом ёфт. Дар дақиқаи 61-уми дидор Ҷамшед Исмоилов, бозингари дастаи «Регар-ТадАЗ» муваффақ шуд, ки ба дарвозаи ҳариф гол бизанад. То анҷоми бозӣ футболбозони «Истиқлол» натавонистанд ҳисобро баробар кунанд. Ёдовар мешавем, даври ниҳойии сабқати Ҷоми Тоҷикистон-2011-ро Ориф Ҷӯраев, раиси кумитаи доварони федератсияи футболи Тоҷикистон доварӣ намуд.{jathumbnail off}