баргард чоп кардан

Натиҷаи ташхиси марги Умаралӣ фардо эълон мешавад

Натиҷаи ташхиси марги Умаралӣ Назаров, тифлаки тоҷик фардо, 16 декабр эълон мешавад.

Олга Сетлина, яке аз вакилони дифои волидони Умаралӣ гуфтааст, натиҷаи ташхиси тиббӣ ва сабабҳои марги ин тифли панҷмоҳа чоршанбеи 16 декабр ба дасти онҳо мерасад: “Рӯзи чоршанбе бо натоиҷи ташхиси бузург шинос мешавем. Аммо 99 дарсад бовар дорем, ки дар он аз вирус менависанд. Агар чунин шавад, мо барои ташхиси такрорӣ дар муассисаи дигари тиббӣ дархост мефиристем. Касе то ҳол гунаҳкор дониста нашудааст”.

Умаралӣ Назаров, навзоди тоҷик 13 октябри соли равон дар пайи боздошти модараш Зарина Юнусова аз сӯи пулиси ноҳияи Адмирали шаҳри Петербург дар беморхонаи Сембалина ба таври мармуз ҷон дод. Зарина бо иттиҳоми нақзи қавоиди буду бош аз Русия депорт шуд. Сарраёсати тафтишотии Русия Рустам Назаров, падари Умаралиро расман ҷабрдида эълом кард. Ба ин далел ӯ ҳуқуқ дорад, то анҷоми таҳқиқи парвандаи писараш дар қаламрави Русия бимонад.

Пизишкони додгоҳии Русия далели марги Умаралӣ Назаровро ситомегаловирус гуфтанд. Аммо 4 декабр Муқаддас Абдураҳмонова, вакили мудофеи Зарина Юнусова, модари Умаралӣ аз қавли пизишкони додгоҳии Тоҷикистон гуфт, дар хуни ӯ ангезаи ситомегаловирус дида нашудааст.