Кӯчарӯби тоҷик дар Петербург навзоди 5-рӯзаро наҷот дод
Мақомоти Санкт Петербург мегӯянд, рӯзи 14 декабр шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон дар кӯчаи Есенини ин шаҳр навзодаи партофташударо наҷот додааст.
Тибқи иттилои мақомоти Петербург, ҷавони тоҷик, ки ба кӯчарӯбӣ машғул будааст, тақрибан соати 16:00 дар назди хонаи 28-и кӯчаи Есенин навзодеро пайдо намудааст, ки бо латта печонда шудааст: “Ҷавони тоҷик фавран навзодро ба хонаи наздиктарини кӯдакон бурда, наҷот додааст”.
Расонаҳои русӣ мегӯянд, феълан навзод дар беморхонаи рақами 17-и Санкт Петербург қарор дорад: “Ташхиси тиббӣ синни кӯдакро 5 рӯз муайян кардааст. Феълан амалиёт барои муайян намудани волидони кӯдак идома дорад”.