Оҷонсии тобеи Р.Эмомалӣ ҳамоҳангсози амалиёт алайҳи фасодкорон таъин шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қарор муайян намудааст, ки тамоми ниҳодҳои қудратӣ амалиёташонро алайҳи фасодкорон бо Агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсия ҳамоҳанг кунанд.
Тибқи қарор, ки ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон имзо намуд, дар назди Оҷонсии мубориза бо фасоди кишвар Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳо алайҳи фасод таъсис меёбад. Ҳадафи ин иқдом беҳбуди мубориза ва ҷилавгирӣ аз фасод дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад: “Агентии мубориза бо коррупсия фаъолияти мақомоти прокуратура, вазорати умури дохилӣ, амнияти миллӣ, раёсати низомӣ, гумрук ва дигар ниҳодҳоро дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамоҳанг мекунад”.
Тибқи ин санад аз ҷумла корҳои оперативӣ, ҷустуҷӯӣ, тафтишоти пешакӣ, амалиёти мубориза ва ҷилавгирӣ аз фасодкориҳо бояд бо Оҷонсии зидди фасод ҳамоҳанг карда шаванд.