баргард чоп кардан

Тоҷикистон боз соҳиби як корхонаи тракторсозӣ мешавад

Интизор меравад, дар Тоҷикистон корхонаи муштараки тавлиди трактор бунёд шавад.


Зимнан, дар Душанбе мулоқоти сардори раёсати сиёсати техникӣ ва инфрасохтори кишоварзии Тоҷикистон бо директории заводи трактори шаҳри Бобруйски Белорус сурат пазируфт. Дар ин мулоқот Расулов ва Агранов бунёди як корхонаи муштараки тракторҳои тамғаи “Беларус-321”, “Беларус - 422” ва “Беларус - 622” дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтанд. Гуфта шуд, ин тракторҳо аз нигоҳи сарфаи сӯзишворӣ камхарҷ буда, барои рушди бахши кишоварзӣ мусоидат мекунад.{jathumbnail off}