Муҳоҷири тоҷик баъди хабари хиёнати зан худро аз ошёнаи 4 партофтааст
Муҳоҷири 41-солаи тоҷик дар шаҳри Сургути Русия, имрӯз, 18 декабр баъди шунидани хабари хиёнати занаш аз ошёнаи 4-ум худро ба замин партофтааст.
Тибқи иттилои расонаҳои Русия, қасди худкушии муҳоҷири тоҷик дар кӯчаи Островский-6 сурат гирифтааст: “Феълан ӯ бо сутунмуҳраи шикаста ва осеби узвҳои даруна дар беморхона бистарӣ мебошад”.
Ба навиштаи расонаҳо пеш аз худкушӣ ин муҳоҷири тоҷик бо наздиконаш дар ватан дар тамос шуда, хабари хиёнати занашро шунидааст.