Кумаки “Tcell” ба зарардидагони заминларза дар Бадахшон
Ширкати мухобиротии “Tcell” имрӯз, 21 декабр ба осебдидаҳои заминларзаи 7 декабр дар Бадахшон кумак фиристодааст.
Тавре аз ин ширкат ба “Озодагон” хабар доданд, кумаки мазкур аз лавозимоти тиббӣ ва маҳсулоти ниёзи аввалия иборат аст.
Зуҳри 7 декабри соли равон Тоҷикистонро заминларза такон дод, ки маркази он дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон ва дараҷаи он 7,2 Рихтер гуфта шуд. Бар асари ин заминларза 2 нафар кушта, даҳҳо тан захмӣ ва беш аз 800 манзил пурра ва қисман хароб шудааст. Хисороти бештар ба водии Бартанги ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон расидааст.