баргард чоп кардан

Боздошти қочоқчиёни маводи мухаддир дар Душанбе ва Мастчо

Дар пайи як амалиёти кормандони милиса дар шимоли кишвар миқдоре аз маводи мухаддир забту мусодира гардид.


Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, зимни амалиёт дар ҳудуди шаҳраки Бӯстони ноҳияи  Мастчо  шаҳрванд Муллоқурбон Сафарови 38 сола, сокини ноҳияи Мастчо, ҷамоати Палдорак дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтуков аз ӯ  1 килою 210 грамм, маводи нашъадори «ҳашиш» ва 100 грамм маводи нашъадори «ҳероин» дарёфт шуд.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки ба ҳамин ҳодиса монанд дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт зимни амалиёт дар кӯчаи  Яккачинор шаҳрванд Шариф Қосимови 48 сола,   истиқоматкунандаи  кӯчаи  Р. Набиев, коргари «Сомон Сохтмон»  дастгир карда шуд.  Ҳангоми кофтуков аз борхалтааш 992 грамм, маводи нашъадори «ҳероин» дарёфт ва мусодира карда шуд. Ба иттилои манбаъ, Шариф Қосимов 48- сола қаблан доғи судӣ дошта, пеш бо моддаи 200 кодекси ҷиноӣ аз озодӣ маҳрум гардидааст.{jathumbnail off}