Судшуда гардани собиқ ҳамсарашро буридаст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 34-солаи сокини шаҳри Истаравшан хабар дод, ки дар куштори ҳамсари собиқаш муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дастгиршуда рӯзи 26 декабр тахминан соати 22:00, дар хонаи истиқоматии собиқ ҳамсараш, зани 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан “аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди ҳоҷагии дар дасташ буда, 5 маротиба ба қисми чап ва рости гардани ӯ задааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа зан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои ВУД, боздоштшуда қаблан бо моддаи 117 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муҷозот шудааст: “Нисбати ин мард парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.