Равоншиноси тоҷик: Сини издивоҷ аз 21 боло шавад
Равоншиноси Маркази “Боварӣ ба фардо” яке аз сабабҳои аслии суқути оилаҳои ҷавонро никоҳи барвақтӣ хонда, пешниҳод кард, синни никоҳ дар Тоҷикистон боло бардошта шавад.
Зарина Кенҷаева, равоншиноси Маркази “Боварӣ ба фардо” дар ҳамоише таҳти унвони “Пешгирии хушунат дар оила” дар шаҳри Душанбе гуфт, дар бештари маворид домоду арӯси ҷавон ба зиндагии мустақил сарфаҳм намераванд, ки сабаби ба ҳам задани оилаҳо мегардад. Хонум Кенҷаева гуфт, дар бархе кишварҳои Ғарб сину соли издивоҷ аз 21 то 24 муқаррар шудааст: “Хуб мебуд, агар дар Тоҷикистон низ сини издивоҷ аз 21 боло муқарар мегардид”.
Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон издивоҷ аз 18-солагӣ иҷозат дода мешавад. Дар сурати нақзи қавонин волидайн тибқи моддаи 168-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҷарима ё то 5 сол ба маҳкама кашида мешаванд.
Дурсултон Шоҳназирова, ҳуқуқшиноси Маркази “Боварӣ ба фардо” мегӯяд, дар аксар ҳолат худкушии занон ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рабт дода мешавад, аммо дар асл мушкил ҷои дигар аст: “Худкушӣ он вақт мешавад, ки дар оила зӯроварӣ ва таҳқир бошад. Мо мегӯем, ин камбағал аст барои ҳамин худро кушт, вале агар дақиқ намоем, мефаҳмем, ки аз сабаби зӯроварӣ худкушӣ кардааст. Аксаран сарварони хонаводаҳо кушиш мекунанд, бо зӯроварӣ гапи худро гузаронад”.