Эълони айб нисбат ба Зарафо Раҳмонӣ бо 2 моддаи Кодекси ҷиноӣ
Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба Зарафо Раҳмонӣ, мушовири раиси ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) бар асоси 2 моддаи Кодекси ҷиноятӣ айб эълон кардааст.
Ситора Азизова, вакили дифои хонум Раҳмонӣ имрӯз, 29 декабр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, мушовири раҳбари ҲНИТ тибқи моддаи 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва моддаи 189 қисми 3 (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ) муттаҳам мешавад.
“Зарафо Раҳмонӣ пурра бо парванда шинос шуда, зери он имзо гузошт. Ӯ гуфт, худро гунаҳгор намеҳисобад”,-афзуд Азизова.
Зарафо Раҳмонӣ ҳамроҳ бо 12 тан аз фаъолони дигари ҲНИТ баъд аз исёни муовини собиқи вазири мудофиа – Абдуҳалим Назарзода ё “Ҳоҷи Ҳалим” боздошт шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон аввалҳои моҳи октябри соли равон гуфт, алайҳи дастгиршудаҳо бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.