Лимити барқ бекор мешавад. Танҳо барои 41 соат
Аз соати шаши субҳи 31 декабр (панҷшанбе) то соати 23-и шаби якуми январ реҷабандии нерӯи барқ дар Тоҷикистон лағв мешавад.
Бино ба иттилои ширкати “Барқи тоҷик”, ин иқдом ба хотири таҷлил аз Соли нав роҳандозӣ шуда, сар аз шанбеи 2 январ барқ ба аҳолӣ тибқи лимит дода мешавад.
Дар гузашта низ ба хотири таҷлил аз Соли нави мелодӣ реҷабандии барқ ба аҳолӣ барои як рӯз лағв мегардид.