Суҳбат аз амният дар паёми солинавии Путин ба Э.Раҳмон
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо ирсоли як паём ҳамтои тоҷикаш -- Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ шодбош гуфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Русия, Путин дар паёмаш ба Эмомалӣ Раҳмон 2015-ро соли бобарор барои муносиботи Тоҷикистону Русия хондааст.
Ӯ изҳори боварӣ намудааст, ки ҳамкории созандаи ду кишвар минбаъд низ бо суръати баланд пеш рафта, барои мустаҳкамсозии субботу амният дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.