баргард чоп кардан

«Чашмаи зулол»-и Аъзам Хуҷаста дар хидмати истеъдодҳои ҷавон

Муассисаи фарҳангии ЭКО барои китобхонаи ин ниҳоди байналмилалӣ 100 адад аз китоби “Чашмаи зулол”-и Аъзам Хуҷастаро харидорӣ кард.


Маврид ба ёдоварист, ин китоби шоир чанде пеш бо ду хат: форсӣ ва сириллики тоҷикӣ дар Машҳади Эрон чоп шуда буд. Оқои Аюбӣ, раиси муассисаи фaрҳангии ЭКО дар тавҷеҳи ин иқдом гуфт: «Вазифа ва рисолати муассиса ҳимоят ва кӯмак ба истеъдодҳои ҷавону халлоқ аст ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Аъзам Хуҷаста сабки наверо дар адабиёти форсӣ бунёд ниҳод ва мавҷи тозаеро дар миёни аҳолии адаб ба вуҷуд овард, лозим донистем аз ин китоб харидорӣ намуда ва миқдоре аз онро дар китобкадаи муассиса ва миқдореро низ ба дӯстони адабпарвар эҳдо намоем.

Гуфтанист “Чашмаи зулол” сеюмин маҷмӯаи ашъори Аъзам Хуҷаста, шоир ва таҳлилгари тоҷик аст ва дар ин китоб ашъори дар сабки зулол сурудаи ӯ гирд омадааст. «Зулол» шеърест, ки бо тӯли вазни зина ба зина, ки ба таври мусовӣ аз кам шуруъ шуда ва дар кам низ ба итмом мерасад. Ин навъи шеър дорои 5 то 11 сатр мебошад. Аз лиҳози вазн ба тӯлонитарин сатр, ки сатри миёна ё қалби шеър мебошад, «сатри модар» ва сатрҳои атрофи онро «сатрҳои қарина» мегӯянд. Зулол дорои ду навъ (арӯз ва озод) мебошад, ки ҳар кадом барои худ усул ва таърифҳои хосае доранд. Вазни мусиқиёии зулол бо маълум шудани теъдоди зарб-оҳанги сатри аввал ва ё кашфи ритми сатри модар ба даст меояд.{jathumbnail off}