баргард чоп кардан

36 муассисаи тиббӣ дар доираи стратегияи миллӣ бунёд гардидааст

Бо қабули «Стратегияи милли солимии аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2010 ва 2020» дар соҳаи тандурустӣ марҳилаи нави ислоҳот шурӯъ гардид.


Дар ин бора Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон зимни як ҳамойиши илмӣ-амалӣ иброз дошт. Номбурда афзуд, мукаммалсозӣ, яъне модернизатсияи тамоми самтҳои мухталифи ҳифзи солимии аҳолӣ феълан дар ҷумҳурӣ идома дорад. «Яке аз дастовардҳо дар соҳаи такмили  сиёсати  давлат оиди тандурустӣ ин таҳия ва қабули  стратегияи мазкур ба ҳисоб меравад.  Стратегия, комилан ба дастовардҳои давраи гузашта такя намуда, вазифаҳои рушди соҳаро дар даҳ соли оянда муайян менамояд».

Бино ба қавли вазир, мақсади асосии стратегия таҳкими саломатии аҳолии кишвар ва фароҳам  овардани муҳити солими зист мебошад. «Ислоҳоти соҳаи тандурустӣ аз чор марҳила ва аз мавқеи таърихию иқтисодии бисёрҷабҳа иборатмебошад.Ҳар як марҳила зинаҳои вусъатёбии ҷараёни такмилу таҳкими соҳаҳои мухталифро дар бар мегирад. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи номбурда, бештар аз 100 нафар мутахассисон дар хориҷи кишвар ва 900 нафар дигар дар дохили кишвар омӯзонида шуданд»,-гуфт Салимов.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар дар  доираи  стратегия  36 муассиса сохта шуда, 320 муассисаи табобатию профилактикӣ дар 41 шаҳру ноҳияҳои вилоёти Хатлону Суғд бо мебелу таҷҳизотҳо таъмин гардиданд.{jathumbnail off}