баргард чоп кардан

Ташкили 4.681 ҷойи корӣ аз ҷониби як агентӣ дар ҷумҳурӣ

Дар агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соли равон  тибқи 196 шартномаҳои тарафайн бо корфармоён 4.681 нафар бекорони дар қайди мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ буда ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шуданд.


Тавре ба “Озодагон” аз агентии мазкур хабар доданд, ки нисбати пешгӯии барнома 105 фойизро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта (4.428 нафар) -253 нафар зиёд аст. Аз теъдоди умумии шаҳрвандони ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбаршуда 1.956 нафарро занон ва 1.823 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

-Ташкили  корҳои ҷамъиятӣ дар амри бо кор таъминшавии шаҳрвандони бекор нақши муҳим дошта,  ҷиҳати тақвият бахшидан ба фаъолият дар ин самт ва ҳавасмандгардонии шаҳрвандони бекор барои иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднок бо фармоиши вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон аз 6 январи соли 2011, №4 “Дар бораи танзим намудани низоми ташкили корҳои ҷамъиятӣ” андозаи иловапулӣ ба музди меҳнати ин шаҳрвандон ба андозаи ҳади аққали музди меҳнат дар  Тоҷикистон баробар ва 53 номгӯи корҳои ҷамъиятӣ тасдиқ шудааст,-афзуд манбаъ. {jathumbnail off}