баргард чоп кардан

Боз як ғалабаи «Равшан» ва бохти навбатии «Хуҷанд»

Даври 35-уми мусобиқоти Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олии футболи мамлакат ба анҷом расид.


Тибқи иттилои федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин дидор дастаи "Вахш" бо тими "Хуҷанд" дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа рақобат намуда, бо ҳисоби 3 бар 0 дастболо гардид. Тими "Равшан" бо дастаи "Парвоз" дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб вориди сабқат шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯзи ба даст овард.

Манбаъ иттиллоъ медиҳад, ки даври 36-уми бозӣ рӯзҳои 28-29-уми октябр баргузор мегардад, ки ин навбат дастаҳои «Гвардия»-«Шодмон», «Равшан»-«Хуҷанд», «Вахш»-«Парвоз», ССКА «Помир»-«Энергетик» ва «Хайр» бо «Регар ТадАЗ» қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Бозиҳои дастаҳои "Хайр"- "Энергетик", ССКА"Помир - "Регар" ва "Гвардия" - "Истиқлол" ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.{jathumbnail off}