баргард чоп кардан

Дар орзуи “ҷомеаи тангемӣ”

Иршод СУЛАЙМОНӢ

“Ҳар орзу бо худ неруи заруриеро барои мавҷудияташ ба ту мебахшад. Ин чиз имконпазир аст, танҳо лозим мешавад, ки заҳмат бикашӣ”.
Ричард Бах


“Ҷомеаи тангемӣ”. Касоне ки бори аввал ин ибораро мешунаванд шояд ба фикр фурӯ мераванд, ки ин боз кадом назарияи фалсафиест. Шояд назарияи фалсафӣ ҳам бошад. Аммо асосгузори ин назария Ҷамшеди Ҳалим, ҳаҷвнигори тоҷик аст, аз барномаи “Лаҳзаҳои гуворо”. Ҳамагон саҳнаи “тангем яке пайдо мешава”-ро хуб дар хотир доранд.

Вазъи ноҷӯри иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мавзӯи меҳварии баҳси ҳама нишастҳост. Ҳама дар бораи он фикр мекунанд ва вазъиятро бар асоси далел, рақам, таҳлил ва баррасиҳое, ки доранд, пешгӯйӣ кунанд. Мо ҳам бо дӯстон ҳамеша дар ин маврид гуфтугӯ дорем. Нигарони сарнавишти минбаъдаи ҷомеа ҳастем. Дар як чунин баҳсҳо яке аз дӯстон, ки аз ҳама беш эҳсосӣ суҳбат мекард, нохудогоҳ гуфт, ки ман боварӣ дорам ҳамааш хуб мешавад. Гуфтем чӣ тур? Бо кадом роҳ? Чӣ гуна, охир? Гуфт, намедонам, вале мешавад. Якбора. Мисли тангем. Аз инҷо ибораи “ҷомеаи тангемӣ” пайдо шуд.

Намедонам, боз дар Тоҷикистон чӣ касони дигаре ба “ҷомеаи тангемӣ” бовар доранд. Хусусан, ман, бовар надорам. Эй кош, мешуд бовар кард! Зеро ин муъҷиза аст. Муъҷиза хоси пайғамбарон аст. Дар замони мо пайғамбар нест. “Ло набия баъдӣ”!

Ҳарчанд ба пайдоиши “ҷомаеи тангемӣ”, яъне як ҷомеаи ободу садфоиза, ки яку якбора пайдо шавад бовар надорам, вале дар орзуйи чунин як ҷомеа мебошам. Дӯсти мо ба пайдоиши ин гуна ҷомеа бовар дошт. Ва мисли ману он дӯст садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба пайдоиши чунин як ҷомеа бовар доранд ё дар орзуйи он мебошанд. Мардумро чӣ барои доштани чунин як орзу водор кардааст? Орзу хайёли ширинест, ки метавонад ба воқеият табдил шавад. Вале дар 99 дар сади маворид орзуҳо таҳаққуқ пайдо намекунанд. Дар сатҳи рӯъё боқӣ мемонанд. Афсӯс!

Ин ки Тоҷикистон дар буҳрони иқтисодии ҳозир гир мондааст ва дасту почак мезанад, ҷойи баҳс надорад. Аммо роҳандозӣ нашудани стратегияҳои умедворкунанда мардумро орзупараст кардааст. Зеро ҳама медонем, ки орзу зиндагии талхтаринро ҳам барои лаҳзае ширин мекунад. Мирсаид Миршакар ҳам бо ҳамун қади дарозу ақли зарифаш гуфта буд, ки “зиндагӣ, бе орзу ширин набуд ва зиндагиро орзу ширин намуд”.

Пеш аз ҳама, яке аз сабабҳои аслӣ, ки буҳрон моро нафастанг кард ин вобастагии иқтисоди Тоҷикистон аз пули муҳоҷирин мебошад. Бо дар “рӯйихати сиёҳ”-и кишварҳои ғарбӣ уфтодани Русия (сарнавишти кишвари бузурге мисли Русия имрӯз аз “настроение”-и шахсии як кас вобаста аст) ва бад гаштани вазъи иқтисодии он кишвар ҳоли мо бадтар шуд. Инро ҳама медонанд, ки иқтисоди мавҷуди заъифи Тоҷикистон бар пояи пули муҳоҷирон дар тамоми давраи истиқлол гардон аст. Вале дар ин қадар муддат барои кам кардани вобастагии иқтисод аз пули муҳоҷирин чаро кори кам нашуд ва агар ҳам шуд чаро муассир набуданд?!

Ин вазъ ба ёд як муамморо меоварад. Мушу лаклак ҷанг кардаанд, дандони уштур шикастааст. Хар гунаҳкор. Чаро?
Русия бо Ғарб мушкил дорад, ранҷро мо мекашем. Чаро?
Мардум шояд ба ин суолҳо посух ҳам дошта бошанд. Зеро савол, ки бисёр шуд ба он бояд посух ҷӯст. Вале як ҷиз дақиқ аст, ки бидуни дониш, таҷрибаҳои вуҷуддошта, тарҳрезиҳову барномарезиҳои мушаххас ва иродаи қотеъ наметавон ба “ҷомеаи тангемӣ” расид. Мансабдорони мо вақте соҳиби мансаб мешаванд худи онҳо зуд ба ин “ҷомеа мерасанд”. Яку якбора зиндагиашон хуб мешавад. Соҳиби қасру шаҳомату тиҷорату дороӣ мешаванд. Албатта бе барномарезӣ, бетаҷриба ва то ҳатто бедониш. Вале барои мо ба “ҷомеаи тангемӣ” расидани мансабдорон не, балки ба ин гуна ҷомеа расидани Тоҷикистон муҳим аст. Ба ин гуна ҷомеа расидани мансабдорон мардуми моро хушбахт намекунад, вале агар Тоҷикистон дар кулл бирасад, мардум саъодатманд мегарданд.

Ҷомеаи босубот он аст ки мардумаш бо бовар барои ояндаи гулгулшукуфои он бингаранд ва ба сӯйи он қадам бизананд. Ҳамин гуна як боварро бибинанд ва онро битавонанд, ки ламс кунанд, вагарна орзупараст мешаванд. Мушкилотро ҳал кардан намехоҳанд, роҳҳалҳои онро ҷустуҷӯй намекунанд, дониш ва таҷрибаро истифода намебаранд. Инро як кори ношуданӣ медонанд. Вале думболаи орзу мераванд. Орзу, ки ҳеч вақт худи ба худ ба воқеият табдил намеёбад, таҳаққуқ пайдо намекунад, агар барои таҳаққуқ пайдо кардани он талош сурат нагирад. Вале мо имрӯз думболаи гунаи дувум ҳастем. Коре, ки ҳақиқатан ношуданӣ аст. Бисёр бад аст, вақте, ки мо кори воқеан мешуданӣ (ҳал кардани мушкилот)-ро канор гузоштаву кори намешуданӣ (орзупарварӣ)-ро интихоб кардаем...