Ҳалокати ронанда баъди аз баландии 30 метр чаппа шудани “Опел”
Як сокини 21-солаи шаҳри Душанбе дар пайи ба ҷарӣ сарозер шудани сабукрави “Опел-Астра”-аш ба ҳалокат расидааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд, ин ҳодиса панҷшанбеи 7 январ дар ҷамоати деҳоти Зарафшон-2-и ноҳияи Айнӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Манбаъ мегӯяд, ронанда “аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, онро ба ҷарии тахминан 25-30 метр чаппа кардааст”.