баргард чоп кардан

Файзобод: Бунгоҳҳои тиббии Ҷонварсӯз ва Дуоба барқарор гардиданд

Сафири ИМА Кен Гросс дар маросимҳои ифтитоҳи ду нуқтаи тиббии аз нав барқароршуда дар деҳоти «Дуоба» ва «Ҷонварсӯз»-и ноҳияи Файзобод ширкат варзид.


Дар ин чорабинӣ ҳамчунин муовини вазири тандурустӣ Саида Ҷобирова, роҳбари раёсати тандурустии ноҳияи Файзобод Караматулло Шарифов, раиси маҳаллаи «Ҷонварсӯз» Мирзо Холов, раиси ноҳияи Файзобод Абдулло Ҳакимов, роҳбари «Каунтерпарт Интернейшнл» дар Тоҷикистон Мӯъмин Сидиқшоев ва раиси ҷамоати «Дуоба» Низомиддин Шамсов иштирок намуданд.

 

Тибқи иттилои дафтари матбуотии сафорати ИМА бунгоҳи тиббии Дуоба   замони ҷанги шаҳрвандӣ осеб  дида буд ва дармонгоҳи тиббии Ҷонварсӯз аз боришот хеле хароб гашта буд. Дар ҳар ду бино аз ҷониби сафорати Амрико фаршҳои чӯбӣ иваз гардида, деворҳо ва шифтҳо аз нав гаҷ ва ранг карда шуданд, инчунин тирезаҳои нави пластикӣ ва тахтачаҳои сафолӣ насб шуданд. Ба замми ин системаи таъмини барқ барқарор гардонида шуд. Маблағи умумии корҳои таъмирӣ 24 ҳазор долларро ташкил дод.{jathumbnail off}