баргард чоп кардан

Мухлисони тими миллии футболро ВАЗ-2107 интизор аст

Дар сеюмин бозии сабқати интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2014 миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Ҷопон мухлисонро тӯҳфаи олӣ интизор аст.


Ин дидор соати 14:00-и 11 ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Баъди анҷоми дидор аз рӯи чиптаҳои мухлисон сабукрав ба бозӣ гузошта мешавад. Ҳаводорони бозии Тоҷикистону Ҷопон метавонанд бар ивази 20 сомонӣ (барои қисмати ҷанубии варзишгоҳ) ва ё 10 сомонӣ (барои ҷойҳои нишасти самти шарқ) соҳиби автомашинаи ВАЗ-2107 шаванд. Дар ин бора сомонаи тими футболи «Истиқлол» хабар додааст.   {jathumbnail off}