баргард чоп кардан

Президенти Беларус бо райисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот мекунад

Александр Лукашенко, президенти Беларус дар садри як ҳайати баландпояи ҳукумати кишвараш вориди Душанббе гардид.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур дар фурудгоҳи пойтахт меҳмонони олиқадрро нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва дигар мақомоти расмӣ истиқбол карданд. Ин манбаъ ҳамчунин гуфт, баъд аз зӯҳри имрӯзх дар қасри «Миллат» мулоқоти президентҳои Тоҷикистон ва Беларус сурат мепазирад. Зимнан, масоили мухталифи марбут ба равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Белорус мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Манбаъ афзуд, ҳамчунин мулоқоти райисҷумҳури Беларус бо раиси МН  Шукурҷон Зуҳуров ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии ба номи Муҳаммад Осимӣ дар назар аст.{jathumbnail off}