Боздошти зан барои қатли шавҳар: Санг заданду сӯзонданд...
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 28-сола бо иттиҳоми ташкили қатли шавҳараш хабар дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, 6 август, тахминан соати 19:00 ин сокини ноҳияи Ашт бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамдеҳааш -- марди 47-сола, шавҳари 32-солаашро дар ҳавлии истиқоматиаш “бо роҳи фиреб барои таъмир намудани насоси обкашӣ ба дохили чоҳи чуқуриаш 4 метр дароварда, бо санг якчанд маротиба задаанд”.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа шавҳари ин зан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст: “Сипас гумонбаршудагон ҷасади мардро ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-190” бор карда, ба ҳудуди заминҳои саҳроӣ бурда, ба болои ҷасад сӯзишвории дизелиро пошида, оташ задаанд. Дар вақти ташхиси криминалистӣ қисми боқимондаи ҷасади марҳум дарёфт карда шуд”.
ВУД мегӯяд, рӯзи 17 январ дар пай як амалиёт ин ду гумон баррои ҷинояти кушторро дастгир кардаанд: “Нисбати дастгиршудаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.