баргард чоп кардан

INL: Барои ҷилавгирӣ аз маводи мухаддир 300 ҳазор $ ҷудо гардид

Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии (INL) сафорати ИМА дар Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор доллар маблағи грантиро ба ташкилотҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмилалӣ ҷудо намуд.


Ба шаш ташкилоти ғайридавлатии маҳаллӣ ва як бритониёвӣ оид ба мубориза ва ҷилавгирӣ аз нашъамандӣ маблағи грантӣ дода шуда буд. Дар гузашта сафорати ИМА дар мавзӯъи паст намудани талабот ба маводи нашъаовар мусобиқаҳои карате, дзю-до ва бодибилдингро дастгирӣ мекард, лекин бори аввал ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои лоиҳаҳои дарозмӯҳлат маблағи грантӣ дода шудааст.   Гуфтанист, ташкилотҳои ғайридавлатии: «Хуршед», «Престиж», «Маркази тадқиқоти журналистӣ», «Академияи миллии олимпӣ», «Даст ба Даст» ва «Маркази ҳуқуқи кӯдакон» дар пешгирӣ ва паст намудани талабот ба нашъамандӣ бо усулҳои "ҳамсол бо ҳамсол", тақсими маълумоти таълимӣ, гузарондани машваратҳо, чорабиниҳои иттилоотии ахбори омма, таъмири биноҳои варзишӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ фаъолияти худро анҷом хоҳанд дод.

Аз сафорати ИМА ба хабаргузории «Озодагон» ҳамчунин иттилоъ доданд, ки фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба огоҳонидани аҳолӣ аз хатари нашъамандӣ бо маълумот ва вусъатдиҳии малака барои интихоби тарзи зинлагии солим  равона шудааст. Моҳи ноябри соли ҷорӣ дар чаҳорчӯбаи ин барнома консерти зидди нашъамандӣ дар шаҳри Душанбе ва монанди ҳамин чорабиниҳои фарҳангӣ дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронда хоҳад шуд. Барнома боз қисман таъмир намудани клуби варзишии «Испечак» ва биноҳои варзишӣ дар наздикии шаҳри Хоруғро дар бар мегирад.{jathumbnail off}