Падар қотили фарзанд
Иван Евзютин дар ҳолати мастӣ писарашро ба ҳалокат мерасонад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, ин ҳодиса дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа ба вуқӯъ пайвастааст.Аснои баргузории амалиёти вижа аз сӯи кормандони раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Евзютин Иван Владимировичи 35- сола, ки дар кӯчаи Дзержинский, хонаи 7 ба сар мебурд, боздошт гардид.Тафтишот маълум кард, ки номбурда шаби 18-уми майи соли равон дар соати 23.00, дар манзили истиқоматиашон дар ҳолати мастӣ писари ноболиғаш Евзютин Дамир Ивановичро, ки ҳанӯз яксола нашудааст, зери лату кӯб қарор медиҳад. Кӯдак ҷароҳати сахти ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.