баргард чоп кардан

100 миллиард рубл аз Русия ба Тоҷикистон интиқол шудааст

Тоҷикистон ба сегонаи кишварҳое, дохил мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз Русия аз ҳама зиёд маблағ гирифтаанд.

Ин нукта дар гузориши таҳлилии маҷмааи ширкатҳои «Связной» таъкид шудааст. Ба гуфтаи таҳлилгарони ин ниҳод, содироти маблағ аз Русия барои шахсони воқеии хориҷа дар  шашмоҳаи аввал нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 фойиз зиёд шуда, 557 миллиард рубли русиро ташкил додаст.

Ба иттилои манбаъ, калонтарин гирандагони пул аз Русия, Ӯзбакистон, Украина ва Тоҷикистон мебошанд, ки мувофиқан шахсони воқеии Ӯзбакистон дар шаш моҳи аввал – 139 миллиарду 300 миллион рубл,  Украина 105 миллиарду 800 миллион ва Тоҷикистон 100 миллиарду 300 миллион рубли русӣ, ки муодили 3,3 миллиард доллари амрикоӣ мебошад, дастрас кардаанд. Сарчашмаи хабар таъкид мекунад, ки тавассути низомҳои интиқоли пулии «Анелик», «Близко», «Контакт», «Мигом», «Юнистрим», «Бистрая Почта», «Золотая Корона», «Лидер» ва дигарҳо ҳамагӣ 37 фойизи маблағҳо интиқол ёфтаанд. Боқимонда ба воситаи ташкилотҳои қарздиҳӣ амалӣ шудааст.a{jathumbnail off}