баргард чоп кардан

АНМН: Кулли аҳдномаҳои байналмилалиро риоя мекунем

Дар  агентии назорати маводи нашъаовар мулоқоти сарвари ин ниҳод, Рустам Назаров бо сардори қисми сиёсӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи башар дар назди Хадамоти хориҷии аврупоӣ хонум Риина Кионка ва намояндаи махсуси Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Пйер Морел сурат пазируфт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз агентии мазкур хабар доданд, зимни мулоқот Эдуард Ауэр, раҳбари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон, сардори шӯъба оид ба масъалаҳои сиёсии намояндагии ИА дар ҶТ, Иштван Нитрай ва мушовир оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон хонум Одроне Перкаускиене иштирок намуданд.

Директори агентӣ меҳмононро бо вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ дар кишвар шинос намуда, дар бораи сиёсати зиддинашъамандӣ дар Тоҷикистон, тадбирҳои амалие, ки ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ меандешад, инчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ ва нақши он дар муборизаи ҷаҳонӣ бо ин хатари башарӣ сухан гуфтанд. Хонум Риина Кионка хабар доданд, ки мақсади ташрифи ҳайати Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон иштирок дар ҷаласаи чоруми муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо мебошад. Ҳамзамон ҳайати мазкур  бо мақомоти дахлдори кишвар сари мавзӯъи ҳуқуқи инсон сӯҳбат хоҳанд кард. Дар навбати худ Рустам Назаров таъкид карданд, ки талаботҳои ҳамаи аҳдномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи башар, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, риоя менамояд,-афзуд манбаъ.a{jathumbnail off}