баргард чоп кардан

Раисони навоҳии Вахшу Бобоҷон Ғафуров бо фармони райисҷумҳур аз вазифа барканор шуданд

Бо фармони президенти Тоҷикистон раисони ду ноҳия аз мақомҳояшон барканор шуданд.


Тибқи иттилои хадамоти матбуотии райисҷумҳур, дар ҷаласаи ҳукумати кишвар, ки таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон сурат пазируфт, Шодӣ Мӯсоев, раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва Лутфулло Муҳиддинов, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз вазифа сабукдӯш гардиданд. Гуфта мешавад, дар оғози ҷаласаи мазкур прокурори генералии ҷумҳурӣ Салимзода Шерхони Одина дар бораи тақсими ғайримақсадноки замин дар навоҳии номбурда ба райиси ҳукумат гузориш дод.

Манбаъ афзуд, бо фармони дигари президент Манзура Мадатова, ки қаблан ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият мекард, директори литсей-интернати президентӣ дар шаҳри Душанбе таъин гардид. Хонум Мадатова дар ин мақом Давлатбӣ Мӯъминоваро иваз кард. Бо қарорҳои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳуддин Исмонов, муовини вазири маориф, Лола Сафарова, муовини раиси Кумитаи андоз, Ҳилолбӣ Қурбонова,  муовини аввали раиси Кумитаи кор ба занон ва оилаи  назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Тахмина Давлатова, муовини раиси ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» ва Раҳимҷон Саидов, сардори хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф таъин гардиданд. Қиматгул Алибердиева, ки қаблан ба ҳайси муовини  аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оила фаъолият дошт, аз ин ба баъд ба симмати муовини раиси ВМКБ  кор хоҳад кард.{jathumbnail off}