баргард чоп кардан

Низомиддин Зоҳидов- намояндаи махсуси президенти ҶТ дар Афғонистон таъин гардид

Тибқи як фармони райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов, ҳамзамон намояндаи махсуси президенти Тоҷикистон оид ба Афғонистон ва Покистон таъин гардид.


Бино ба иттилои ВКХ, таъиноти мазкур ба он рабт дорад, ки Тоҷикистон дар ҳалли қазияи кишвари ҳамсоя – ҷумҳурии исломии Афғонистон иштироки фаъолона дошта, аз ҷомеаи байналхалқӣ даъват мекунад, то дар раванди устуворшавӣ ва барқарорсозии Афғонистон кӯмак расонанд.

Манбаъ афзуд: «Тоҷикистон ташаббускор ва иштирокчии фаъоли конфронсу анҷуманҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба Афғонистон мебошад. Аз ҷумла, ҳайати кишвари мо дар конфронсҳои қарибулвуқӯи Истамбул (2 ноябри соли 2011) ва Бонн (5 декабри соли 2011) иштирок хоҳанд кард». Таҷрибаи кишварҳое, ки бо ҶИА робита доранд, нишон медиҳад, ки пайгирӣ ва татбиқи барномаҳои муайян ва расидан ба ҳадафҳои мушаххас, таъйин намудани намояндаи ин ё он кишварро тақозо мекунад.
Маврид ба тазаккур аст, ки феълан дар назди вазорати корҳои хориҷии   Тоҷикистон гурӯҳи кории доимамалкунанда оид ба корҳои Афғонистон созмон дода шудааст.{jathumbnail off}