Аз баландии 26 метр зарозер шудани сабукрави донишҷӯи 21-сола
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, баъд аз зуҳри 22 январ дар шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, як сабукрави тамғаи “ВАЗ-2107” бар дарё сарозер шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин мошинро ҷавони 21-сола, сокини ноҳияи Шуғнон ва донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ идора мекардааст: “Ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба канори чапи купрук бархӯрда, аз баландии 26-метр ба дохили дарё чаппа шуда, ғарқ гардидааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳоло ҷустуҷӯи ҷасад идома дорад.