баргард чоп кардан

СММ: Аҳолии дунё имрӯз ба 7 миллиард баробар мешавад

Имрӯз, 31 –уми октябри соли 2011 -ум, тибқи иттилои Созмони Миллали Муттаҳид шумораи одамон дар рӯи замин ба 7 миллиард баробар мешавад.


Масъулини барномаи ЮНФПА-и СММ, ки ба масоили демографӣ машғуланд, изҳор медоранд, ки  раванди афзоиши аҳолӣ дар ҷаҳон, баъди соли 1950 –ум, пас аз дароз кардани умри миёна ва коҳиш додани сатҳи фавт миёни кӯдакон  вусъат ёфта истодааст: «Ҳудуди 2 ҳазор сол пеш шумораи сокинон дар ҷаҳон 300 миллион нафарро ташкил медодааст. Баъдан, бо гузашти 1600 сол ин нишондод ду маротиба афзоиш ёфта, ба 600 миллион нафар расид».

Шумораи аҳолӣ дар ҷаҳон ба нишондоди 1 миллиард соли 1804 – ум расидааст. Бо гузашти 123 сол, яъне дар соли 1927 –ум аҳолии ҷаҳон ба 2 миллиард баробар шуд. Одами 3 миллиардум дар ҷаҳон соли 1959 –ум таваллуд шудааст. Одами 4 – миллиардум соли 1974, 5- миллиардум, соли 1987 ва 6 – миллиардум соли 1999 ба дунё омадаст. Дар давоми дувоздаҳ  соли ахир шумораи аҳолӣ дар ҷаҳон 1 миллиарди дигар зиёд шуда, имрӯз ба 7 миллиард баробар шудааст.

Бабатунде Осотимехин, мудири иҷроияи ЮНФПА, мегӯяд айни ҳол шумораи одамони аз 60 – сола боло 893 миллион нафарро ташкил медиҳад ва аллакай то нимаи асри ҷорӣ шумораашон ба 2,4 миллиард нафар баробар хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҷавонони то 25 сола дар таркиби 7 миллиард, 43 фоизро ташкил медиҳанд. Айни ҳол ҳар сокини дуюми ҷаҳон дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд, аммо аллакай баъди 35 сол аз се ду қисми аҳолии ҷаҳон сокини шаҳр хоҳанд буд.

Дар ҳамин ҳол, масъулини ЮНФПА – и СММ изҳор медоранд, ки дар давоми 13 соли наздик аҳолӣ дар ҷаҳон боз 1 миллиарди дигар зиёд мешаванд ва то соли 2050 – ум ба 9,3 миллиард мерасад. Таҳлилгарони СММ изҳор медоранд, ки ин рақам бо назардошти ҳолате ҳисоб шудааст, ки агар сатҳи таваллуд минбаъд каме коҳиш ёбад.

PS: Нозирони СММ ба дунё омадани сокини 7-миллиардии сайёраро дар шаҳри Калинингради Русия ба қайд гирифт. Пётр Николаев, соати 00-у 02 дақиқаи шаби гузашта (31-уми октябр) чашм ба олами ҳастӣ кушод. Тибқи иттилои пизишкон, қади ӯ 50 сантиметр ва вазнаш 3 килову 600 грамм аст.

{jathumbnail off}