баргард чоп кардан

Сарвазири Қирғизистон дар интихоботи президентӣ бештари овозҳоро ба даст овардааст

Алмазбек Атамбоев, нахуствазири Қирғизтон дар интихоботи президентии ин кишвар, ки дирӯз маъракаи овоздиҳӣ сурат пазируфт, пешсафи ягона аст.


Дар ин бора райиси КМИ-и Қирғизистон Тӯйғуналӣ Абдураимов дар ҷамъи хабарнигорон зимни як нишасти матбуотӣ иброз дошт. Ба қавли ӯ, то ин замон 95 фойизи протоколҳои ҳавзаҳои интихоботи баршумурда шудаанд ва санадҳои марбута ба комиссияи интихобот аз 2213 участка ворид гаштаанд. «Ба ҷонибдории Алмазбек Атамбоев 62,88%, Адахон Мадумаров  - 14,9%, Қамчибека Тошиев  - 14,43% -и интихобкунандагон раъй додаанд»,-афзуд Абдураимов.

Натоиҷи ниҳоии интихобот шоми имрӯз эълом хоҳад шуд.{jathumbnail off}