баргард чоп кардан

14 кишвари ҷаҳон масоили марбут ба вазъи Афғонистонро дар Истамбул баррасӣ мекунанд

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати иштирок дар конфронси байнулмилалӣ оид ба Афғонистон озими Истамбули Туркия гардид.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин вазорат, ҳамойиш дар мавзӯи “Амният ва ҳамкорӣ дар қалби Осиё” сурат хоҳад пазируфт. Гуфта мешавад, дар нишасти мазкур, ширкати намояндагони 14 кишвар – Афғонистон, Хитой, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Ӯзбакистон, Амороти Муттаҳидаи Араб дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар назар аст. Ҳамчунин, дар кори конфронс вазирони корҳои хориҷии бархе аз кишварҳое, ки раванди мазкурро дастгирӣ менамоянд, аз ҷумла, Австралия, Канада, Олмон, Италия, Ҷопон, Норвегия, Лаҳистон, Испания, Шветсия, Британияи Кабир ширкат меварзанд. Ба конфронс ҳамзамон намояндагони СММ, ЭКО, СҲШ, САҲА, НАТО, СҲИ, ИА, СВМДА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ даъват шудаанд.

Тибқи барнома, чорабинии зикргардидаро президентиТуркия Абдулло Гул ва президенти ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ифтитоҳ мекунанд.
Боиси ёдоварист, ки қабл аз конфронс оид ба Афғонистон ду вохӯрии тадорукотӣ дар сатҳи мансабдорони калон 30 сентябр дар Осло ва 22 октябр дар Кобул сурат гирифтанд. Сеюмин вохӯрии тадорукотӣ 1 ноябри соли 2011 дар Истамбул доир мегардад.
Маврид ба ёдоварист, дар ҷараёни ду вохӯрии суратгирифта, иштирокдорон лоиҳаи санади хотимавии конфронси Истамбулро ҳамоҳанг карданд. Ба санади хотимавӣ рӯйхати чораҳо оид ба барқарорсозии эътимод, ки қисми ҷудонопазири худи ҳуҷҷат мебошад, замима мешавад.Чораҳо баҳри барқарорсозии эътимод ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсат, иқтисодиёт, маориф, фарҳанг ва ҳуқуқро миёни кишварҳои минтақа бо мақсади пойдории сулҳу субот дар Афғонистон дар бар мегиранд.{jathumbnail off}