Боздошти ҷавони афғон бо силоҳу ҳашиш дар Бадахшон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди 16-солаи Афғонистон бо иттиҳоми гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру нигоҳ доштани силоҳ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин ҷавон 30 январ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар вилояти Бадахшон дастгир шудааст. Ба иттилои ВУД, боздоштшуда зодаи вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон муаррифӣ мешавад ва ба иттилои манбаъ, “ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтааш 3 киллою 770 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 1 адад таппончаи тамғаи “ПМ”, таҳти №RH-1205, соли бароришаш 1988 (коршоям) дарёфт ва мусодира карда шуд”.