Тоҷикистонро заминларзаи 4,1 баллӣ такон дод
Шоми дирӯз, 2 феврал дар Тоҷикистон замин ҷунбидааст.
Бино ба иттилои Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва Баҳри миёназамин ин зилзила соати 20:27 ба вуқӯъ пайваста, маркази он 141 километрии ҷанубу шарқи Душанбе – ноҳияи Ҳамадонӣ будааст. Шиддати такони заминларза 4,1 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер гуфта мешавад.
Тайи чанд моҳи ахир сокинони Тоҷикистон чандин маротиба ҷунбиши заминро эҳсос карданд, ки аз ҳама шадидаш 7 декабри соли 2015 рух дод. Дар пайи он дар вилояти Бадахшон ду нафар ба ҳалокат расида, даҳ тани дигар захмӣ шуд ва садҳо тан бесарпаноҳ монданд.