баргард чоп кардан

Нақшаи репертуарии театрҳои касбии ҷумҳурӣ барои соли 2012 матраҳ шуд

Дар вазорати фарҳанг ҷаласаи ҳайати мушовара сурат пазируфт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ҷаласаи мазкур- санҷиши вазъи хизматрасонӣ дар муассисаҳои фарҳанги ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун, санҷиши вазъи фаъолияти муассисаҳои фарҳанги ноҳияи Рӯшон ва Шуғнони ВМКБ, омӯзиши раванди татбиқи нишондодҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар  Тоҷикистон» дар муассисаҳои фарҳанги шаҳри Исфараи вилояти Суғд, ноҳияҳои минтақаи Рашт барасӣ гардиданд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа  оид ба тасдиқ намудани низомномаи муассисаи давлатии «Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ - Маркази ҷумҳуриявии эстетики кӯдакон ва ҷавонон», оид ба таъсис додани ансамбли этнографӣ дар назди шӯъбаи ноҳияи Файзобод, оид ба вазъи таҳлили фаъолияти театрҳои халқӣ, ансамблҳои тарона ва рақси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, оид ба вазъи эҷодӣ, кадрӣ, молиявӣ ва хоҷагии театри тамошобини ҷавони шаҳри  Хуҷанд ва театри драмаи русии ба номи А. Пушкини шаҳри Чкалов, оид ба омодагии ташкилоту муассисаҳои тобеи вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои фаъолияти мунтазам ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2011 – 2012, ҳолати коргузорӣ ва фаъолияти осорхона - мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара, тасдиқи нақшаи фаъолияти эҷодии нашриётҳои тобеи вазорати фарҳанг барои соли 2012, тасдиқи нақшаи репертуарии театрҳои касбӣ барои соли 2012 мавриди барасӣ қарор гирифтанд.{jathumbnail off}