баргард чоп кардан

ВИДЕО: Фаридун иддао дорад, дар Осиёи Марказӣ касе рекордашро “нашикастааст”

Фаридун Раҳмонқулов, донишҷӯи тоҷик иддао дорад, ки баробари ӯ касе дар Осиёи Миёна қиммати P-ро аз ёд намедонад. Ин ҷавони тоҷик мегӯяд 5 ҳазор шумораи 10 рақамаро дар хотирааш ҳифз кардааст, ки бештарин теъдод дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ба иборати дигар, дар Осиёи Марказӣ рекорд гузоштааст. Ӯ дар суҳбат бо “Озодагон” аз худ, аз қобилият ва тарзи машқ додани майнаи сар гуфт.


Озодагон: Нахуст бигӯед, ки худи қиммати P (пӣ) чӣ аст?

Фаридун Раҳмонқулов:
Қиммати Пӣ констансияи математикӣ буда дарозии давраро бар диаметри он ифода мекунад. Ин қиммат аз давраи Бобулиён машҳур аст, аммо таърихи дақиқаш маълум нест. Ҳарфи аввалаш ҳам аз калимаи юнонӣ “переферия” гирифта шудааст, ки маънои он периметр ё худ дарозии давра мебошад. Дар мактаб қабул шудааст, ки P ба 3,14 баробар аст, аммо азбаски ирратсионалӣ ва трансендентӣ яъне, адади даҳӣ, ғайридаврӣ ва беохир мебошад дигар ададҳояш баъд аз вергул дар он такрор намешаванд. То андозае, ки ман медонам баъд аз қиммати P компютерҳо фақат 13, 3 триллион рақамро ҳисоб кардаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳақиқатан рақамҳои ин қиммат баъд аз вергул охир надоранд. Аз ин рӯ, одамҳое ҳастанд, ки барои машқ додани мағзи сар ё гузоштани рекорд дар заминаи хотираи қавӣ ин рақамҳоро аз ёд мекунанд.

Озодагон: Хуб, Шумо аз куҷо медонед, ки дар Осиёи Миёна феълан шумоед, ки бештарин қиммати P-ро аз ёд медонед?

Фаридун Раҳмонқулов:
Дар интернет ҷустуҷӯ кардам ва маълум гардид, дар Осиёи Миёна касе аз ман зиёдтар намедонад, аммо дар ҷаҳон чунин одамҳо зиёданд. Ман медонам, ки кӣ дар кадом сол чӣ қадар аз ёд кардааст.

Озодагон: Ҳоло дар ҷаҳон кӣ аз Шумо бештар рақами P-ро аз ёд кардааст?

Фаридун Раҳмонқулов: Як марди хитоӣ бо номи Лю Чао аст, ки соли 2005 бо азёд кардани 67 ҳазору 890 рақам дар китоби Гиннес қайд шуд. Ду марди дигари ҷопонӣ камтар аз Лю Чао азёд карданд. Якеаш 40 ҳазор ва дигарӣ 52 ҳазорро азёд гуфтанд. Як каси дигар дар Украина 10 ҳазор ва дар Русия 6 ҳазору 6 рақамро аз ёд гуфтанд. Ман ҳам дар як муддати кутоҳ ин миқдор рақамро аз ёд кардам.

Озодагон: Яъне, ҳоло Шумо рекордсмени Осиёи Марказӣ ҳастед?

Фаридун Раҳмонқулов: Албатта. Дар вақти холӣ то 68 ҳазор расидан имкон дорад. Азбаски ман ҳоло ба навиштани кори дипломӣ машғулам, фурсат надорам. Вале агар вақт пайдо кунам боз азёд карданро сар мекунам.

Озодагон: Аз худатон бигӯед. Дар кадом донишгоҳ ва дар кадом ришта таҳсил мекунед?

Фаридун Раҳмонқулов: Ман дар курси 4-уми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар факултаи сохтмон ва меъморӣ аз рӯи ихтисоси “сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ” таҳсил мекунам.

Озодагон: Ҳамин қобилияти Шумо дар тахассусатон ҳам кумак мекунад?

Фаридун Раҳмонқулов: Дар ихтисоси ман он қадар ба кор намеояд, вале ин қобилияте, ки дорам метавонам чизҳои дигарро дар як муддати кутоҳ аз худ намоям

Озодагон: Талош доред, ки рекордсмени ҷаҳон шавед?

Фаридун Раҳмонқулов: Албатта, талош дорам, аммо нафақат дар азёд кардан, балки қобилиятҳои дигар ҳам дорам, ки онҳоро дар моҳҳои минбаъда нишон медиҳам.

Озодагон: Масалан, барои аз ёд кардани 10 ҳазор қиммати P чӣ қадар вақт лозим аст?

Фаридун Раҳмонқулов: Ман аз 25 июни соли гузашта ба азёд кардани ҳамин рақамҳо сар кардам. Баъдан дидам, ки як рӯз пеш аз ман дар Украина Артём Гарин рекордро гузошт. 10 ҳазор рақам вақти зиёдро намегирад. Як чизро гуфтан лозим аст, ки барои ман дар азёд кардани рақам вақти зиёд лозим нест, балки такрор карданашон вақти зиёдро мегирад. 10 ҳазорро дар 7, 8 ё 10 рӯз азёд мекунам. Аз машқ кардан вобаста аст. Як тобистон вақтро санҷидам, ки дар 40 дақиқа 400 рақамро аз ёд кардам. Аз рақамҳо ҳам вобаста аст. Мисол, агар 6-то 6 бошад азёд карданаш осонтар аст. Хулоса, такрор кардан ва бурро гуфтан вақти бештарро мегирад.



Озодагон: Ҷараёни азёд кардани рақамҳо чӣ гуна аст? Дар танҳоӣ мешинед ё чӣ гуна сурат мегирад?

Фаридун Раҳмонқулов: Фарқ надорад. Баъзе рақамҳоро бо як нигоҳ азёд мекунам. Ҳам дар танҳоӣ ва ҳам бо ҳузури каси дигар ҳам метавонам азёд кунам.

Озодагон: Пас, Шумо дар таҳсилу донишгоҳ ҳеч мушкиле надоред, не?

Фаридун Раҳмонқулов: Алабатта, ҳеч мушкилие надорам.

Озодагон: Дар азёд кардани калимаву шеър ҳам ҳамин қобилиятро доред?

Фаридун Раҳмонқулов: Аз дар зеҳ нигоҳ доштани калимаву рақам мушкилтар азёд кардани пай дар пайии рақамҳо аст. Чаро ки рақамҳо одамро гаранг мекунанд. Шеърро дар даврони мактабӣ азёд мекардам ва дигар шавқ надоштам ва азёд ҳам накардам. Аммо, дар мавриди калимаҳо дар 15 дақиқа 100 калима азёд мекунам. Дар 1 соат 400 калима ва дар 1 шабонарӯз 9 ҳазору 600 ва дар 25 соат 10 ҳазор калимаро азёд мекунам. Аммо, хубтар ин аст, ки дар як рӯз 100 калима азёд кунӣ.

Озодагон: Шумо забони англисиро ҳам баладед?

Фаридун Раҳмонқулов: Албатта.

Озодагон: Мақсад надоред, ки ба омӯхтани забонҳои дигар бипардозед?

Фаридун Раҳмонқулов: Ҳоло ин мақсадро надорам. Дар оянда агар кадом забон лозим шуд аз худ мекунам. Ҳоло ин чиз барои ман лозим нест. Ба ҷойи ин ба фаъолиятҳои дигари математикӣ машғул шудан беҳтар аст.

Озодагон: Бештари одамон замоне, ки бузургсолтар мешаванд хотираашон заифтар мешавад. Шумо чӣ тавсия медиҳед, ки хотираашон қавӣ бимонад?

Фаридун Раҳмонқулов: Барои қавӣ кардани майнаи сар аз 100 то 1 зуд зуд ҳисоб кардан ва бо як ҳарф дар муддати 2 дақиқа 20 ё 30 номи одам ё калимаҳои дигарро гуфтан фоида дорад. Аз машқи доимӣ ягон кори дигар зуртар нест.

Озодагон: Одамоне, ки бо рақамҳо сару кор доранд ва хотираашон тез асту дар риёзӣ бисёр пештозанд ба барномазии компютерӣ машғул мешаванд. Шумо ин мақсадро надоред?

Фаридун Раҳмонқулов: То ҳол ин тасмимро нагирифтаам. Дар оянда имкон дорад, ки ба ин кор машғул шавам. Дар барномасозӣ албатта ҳифз кардани корду паролҳо майнаи сари қавӣ лозим аст.

Озодагон: Баъзан гуфта мешавад, ки дар ин гуна корҳо чашмбандӣ ё ягон асрор аст ё ягон асоси риёзӣ, масалан, ягон пай дар пайӣ дорад, ки мо онро намефаҳмем. Дуруст аст?

Фаридун Раҳмонқулов: Не, инҷо ягон пай дар пайӣ нест. Агар ягон пай дар пайӣ мебуд ҳамин рақамҳоро аз ёд накарда, балки аз рӯи ягон қоида менавиштам. Ин адади ғайридаврӣ аст. Яъне, ададҳо дар инҷо такрор намешаванд. Такрор мешаванд, аммо давран такрор намешаванд. Мисол, як бор дар ҷойи 25-ум ва бори дигар дар ҷойи дигар такрор мешаванд.

Озодагон: Маълум аст, ки дар ҳалли масъала ва муодилаҳои риёзӣ ҳам пешсаф ҳастед.

Фаридун Раҳмонқулов: Албатта, ман бо риёзӣ бисёр машғул будам ва ҳоло бештар рақамҳоро аз ёд мекунам. Вале, ин корро на танҳо риёзидонҳо, балки дигарон ҳам метавонанд бикунанд.

Озодагон: Дар хонаводаи Шумо ин қобилиятро дигар аъзои оила ҳам доранд?

Фаридун Раҳмонқулов: Ин қобилият ба таври генетикӣ аз падарам ба ман гузаштааст. Додарам низ майнаи қавӣ дорад. Одам қобилият дорад, аммо тавонистани он аз бисёр тамрин кардан вобаста аст.

Суҳбати Сайф САФАР