Ҷавони суғдӣ дар куштори марди 78-сола муттаҳам мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 18-сола бо иттиҳоми куштори марди 78-сола хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин зодаи шаҳри Қайроққум 5 январ, тахминан соати 13:00 дар пайи муноқиша ба қафаси синаи сокини 78-солаи шаҳраки Адрасмон бо корд задааст: “Дар натиҷаи зарби корд ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
ВУД мегӯяд, ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.