баргард чоп кардан

Урумчӣ-макони баргузории ҳамойиши байнулмилалии ҷилавгирӣ аз маводи мухаддир

Кормандони  агентии назорати маводи нашъаовар ҷиҳати ширкат дар як ҳамойиши байналмилалӣ озими Хитой шуданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ин ниҳод иттилоъ доданд, семинарии мазкур дар шаҳри Урумчӣ таҳти унвони “Мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир» сурат мепазирад.

Ҳадафи аслии ҳамойиш бошад, таҳкими ҳамкориҳои мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз ин вабо унвон мешавад. Гуфтанист, бо даъвати ҷониби Хитой, 15 нафар кормандони агентӣ аз 30-уми октябр то 13-уми  ноябр дар Урумчӣ қарор хоҳанд дошт. «Семинари мазкур аз ҷониби вазорати бехатарии ҷамъиятии ҷумҳурии мардумии Хитой  ва департаменти амнияти ҷамъиятии ноҳияи мухтори Синсзян-Уйғур гузаронида мешавад»,- афзуд манбаъ.{jathumbnail off}