5000 сомонӣ - баҳои “Тоҷиксуғурта” ба ҷони ҳар зоири фавтида дар Ҳаҷ
Алоуддин Мирзо, раиси КВД “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, соли 2015 ҳангоми иҷрои маросими Ҳаҷ 12 зоири тоҷик ҷон додаанд.
Раиси “Тоҷиксуғурта”, имрӯз, 9 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки аз миёни 12 зоири фавтида наздикони 7 нафарашон маблағи суғуртаро гирифтаанд. Ба гуфтаи Алоуддин Мирзо барои ҳар зоири фавтида дар Ҳаҷ 5 ҳазор сомонӣ маблағи бима пардохт шудаст.
Ӯ афзуд, агар наздикони 5 зоири марҳуми дигар ҳам муроҷиат кунанд, маблағи бимаро дарёфт хоҳанд кард.