Шикояти “Тоҷиксуғурта”: “Тоҷик-эйр” имсол ҳам як сомонӣ пардохт накард
Масъулини корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” мегӯянд, ширкати “Тоҷик-эйр” ҳамоно аз пардохти қарзаш саркашӣ мекунад.
Аловиддин Мирзо, раҳбари “Тоҷиксуғурта” имрӯз, 9 феврал дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, “Тоҷик-эйр” қарори ҳукумат дар бораи пардохти дударсад арзиши ҳар чиптаи фурӯхташударо иҷро намекунад. Дар ҳоле, ки ба қавли ӯ бо чор ширкати суғуртаи хориҷӣ қарордод баставу маблағашро пардохт мекунад.
Оқои Мирзо мегӯяд, барои ситонидани қарз ба додгоҳи иқтисодӣ муроҷиат кардаанд: “Дар суд талаб карданд, ки барои муайян кардани қарз санади муқоисашаванда биёред, аммо “Тоҷик-эйр” ин санадро пешниҳод накард”.
Шикоят аз пардохт нашудани маблағи суғурта аз ҷониби "Тоҷик-эйр" гапи нав нест. Масъулини "Тоҷиксуғурта" чандин сол аст, ки мегӯянд, ин ширкат аз пардохти қарзаш сарпечӣ мекунад. Дар гузашта ҳукумати кишвар 25 миллион сомонӣ қарзи “ТоҷикЭйр” дар назди “Тоҷиксуғурта”-ро аз эътибор соқит карда буд, ки ба гуфтаи Аловиддин Мирзо “ба вазъи молиявии корхона ва буҷаи ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонд".