Нигаронии Тоҷикистон аз насби парчами Қирғизистон дар Овчӣ-Қалъа
Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек дар робита ба насби парчами Қирғизистон рӯи боми як сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба мақомоти Қирғизистон ёддошти эътирозӣ ё нота фиристодааст.
Ба иттилои сафорат, дар ин ёддошт аз вуруди ғайриқонунии раҳбари яке аз деҳаҳои наздимарзии Қирғизистон ва сарҳадбонҳои он кишвар ба қаламрави деҳаи Ҳалим Бобоеви ҷамоати Овчӣ-Қалъача изҳори нигаронӣ шуда, талаб гардидааст, ки омилони ин қазия ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Парчами Қирғизистон бар боми манзили ду сокини Овчӣ-Қалъа 6 феврал насб карда шуд. Ба иттилои шоҳидон онро ҳудуди 40 марзбони қирғиз барафрохта, иддао кардаанд, он қаламрави Қирғизистон маҳсуб мешавад.