Исми овозхони муваффақи соли 2015 эълон шуд
Адел, хонандаи саршиноси Бритониё муваффақтарин овозхони соли 2015 эътироф шудааст. Дар ин бора The Guardian бо такя ба таҳқиқоти Федератсияи байналмилалии истеҳсолкунандаҳои фонограмма ва видеограмм (IFPI) хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, албоми “25” ва таронаи “Hello”-и Адел, ки моҳи ноябр ба фурӯш баромад, дар қиёс ба корҳои дигар хонандаҳо пурфурӯштар буда, чанд рекорди ҷаҳонӣ гузоштааст. Дар зинаи дуюми овозхонҳои муваффақ Эд Ширан ҷой гирифта, зинаи сеюмро Тейлор Свифт муаррифӣ мекунад. Ҷастин Бибер ва гуруҳи One Direction шомили панҷгонаанд.
Моҳи январ клипи Адел бар таронаи “Hello” рекорди клипи “Gangnam Style”-ро “шикаст”. Онро дар 88 рӯз миллиард маротиба тамошо карданд, дар ҳоле, ки бинандаҳои видеои овозхони кореягӣ – PSY танҳо дар 159 рӯз ба миллиард расида буд.