баргард чоп кардан

Садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Хуҷанд -Душанбе бойиси марги 1 нафар шуд

Дар ноҳияи Айнӣ автомашина ба ҷарии чуқуриаш 350 метр сарозер шуда, ронандаи он ба ҳалокат расид.


Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, сарнишини нақлиёти тамғаи ГАЗ-2705, истиқоматкунадаи 24-солаи ноҳияи Рӯдакии шаҳри Душанбе, Наврӯз Будинов, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Хуҷанд-Душанбе, дар километри 150 –уми роҳ, дар ҳудуди мавзеи Хуштани ноҳияи Айнӣ аз ӯҳдаи идораи автомашина баромада натовониста, аз роҳ баромада ба ҷарии чуқуриаш 350-метр чаппа шудааст. Дар натиҷа, ронанда Н. Будинов аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.{jathumbnail off}